Ширкати таъминот бо сӯзишвории Тоҷикистон чун пештара монополист ва ягона воридкунандаи сӯзишвории авиатсионӣ дар кишвар боқӣ мемонад.
Муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Назар Одиназода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҳарчанд дар сатҳи ҳукумат аз соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ворид кардани сӯзишвории авиатсионӣ ба Тоҷикистон даъват шуда бошад ҳам, алҳол ҳеҷ кадоме аз соҳибкорон ин даъватро напазируфтааст.
«Танҳо Ширкати таъминот бо сӯзишворӣ ба Тоҷикистон сӯзишвории авиатсионӣ ворид намуда, 100% молики ин бозор аст. Мо чандин маротиба масъалагузорӣ кардем, то ки дигар соҳибкорон ҳам ба ин кор машғул шаванд, вале ҳеҷ яке аз соҳибкорон бо ин ширкат рақобат карда натавонист», - иброз дошт Одиназода.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби коҳиши нархҳо ба сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ, давоми ним соли равон арзиши сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон ба миқдори 215 доллари ИМА поин рафта, 1 ҳазору 390 доллари ИМА барои 1 тоннаро ташкил дод.
Чунин нархи баланди сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистонро назар Одиназода ба мавҷуд набудани рақобат ва ҳамчунин андози аксизӣ ба сӯщишворӣ, хароҷоти роҳ ва ғайра мансуб медонад.
«Агар ҳатто бо Қирғизистон муқоиса намоем, ба ин кишвар «Газпром-нефт» сӯзишвории авиатсионӣ ворид мекунад, аммо намедонам бо кадом сабаб онҳо ин навъи сӯзишвориро ба Тоҷикистон интиқол намедиҳанд. Ҳамчунин агар дар Қирғизистонҳаҷми пардохтпулӣ аз андоз аз арзиши иловашуда 12%-ро ташкил диҳад, дар Тоҷикистон андозаи он ба 18% баробар аст, ки мутаносибан ба арзиши он низ таъсир мерасонад», - афзуд ӯ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста