Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) масъалаи ҷудо кардани маблағ барои амалисозии қисмати тоҷикистонии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки ба наздикӣ Шӯрои мудирони БАТР баррасии масъалаи маблағгузорӣ ба қисмати тоҷикистонии лоиҳа CASA-1000 дар ҳаҷми 110 млн. доллари ИМА-ро дар нақша дорад ва баъди дастрас шудани ин воситаҳо масъалаи сармоягузорӣ ба қисмати тоҷикистонии лоиҳа пурра ҳаллу фасл мешавад.
Ба гуфтаи вазир, амалисозии лоиҳа дар Тоҷикистон аз ҳисоби воситаҳои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд ва Фонди рушди Кувайт, ҳукуматҳои Британияи Кабир ва ИМА, ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳои ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад ва барои табиқи қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 дар маҷмӯъ тақрибан 300 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.
Зимнан зикр гардид, ки то ахири соли равон паймонкори кулли лоиҳа интихоб шуда, пас аз он бевосита корҳои сохтмону насби хатҳои интиқоли барқ шурӯъ мешаванд.
Қаблан иттилоъ дода будем , ки ахири моҳи июли соли равон имзои намунаҳои ниҳоии созишномаҳои сохтмони хатти минтақавии барқ тибқи лоиҳаи CASA-1000 дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки дар лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол додани нерӯи барқ пешбинӣ шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста