Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 546 млн. кВт/соат нерӯи барқ (6 моҳи соли 2014 - наздики 498 млн. кВт/соат) содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4% зиёдтар аст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввал ба Афғонистон дар ҳаҷми 504 млн. кВт/соат ва Қирғизистон - каме бештар аз 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.
Ӯ таъкид дошт, ки айни замон дар як шабонарӯз Қирғизистон аз Тоҷикистон дар ҳаҷми то 1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ дастрас мекунад. «Дар ин давра ширкати «Барқи тоҷик» ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи 18,9 млн. доллари ИМА нерӯи барқ содирот кард», - қайд кард Усмонзода.
Усмонзода гуфт, аз моҳи августи соли равон афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Афғонистон ба нақша гирифта шуда, имрӯз тақрибан 70% аз ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.
«Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 8,6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 ба андозаи 5,7% зиёдтар мебошад», - афзуд вазир.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста