Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки солҳои наздик ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғунро мавриди истифода қарор диҳад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои ду агрегат ба Тоҷикистон оварда шудаву омода аст. «Қисмате аз ин таҷҳизот ҳанӯз замони шӯравӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, дигар таҷҳизоти боқимонда солҳои ахир аз ширкатҳои истеҳсолкунандаи технологияи электроэнергетикии Украина дастрас шуданд», - қайд кард вазир.

Вазири энергетика ва захираҳои об мушаххасан оид ба кай баста шудани маҷрои дарёи Вахш барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун маълумот надод.

Ӯ таъкид дошт, ки иқтидори умумии ду агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 800 МВт-ро ташкил дода, ин иқтидор кофист, ки давоми тамоми сол ҷумҳурӣ мунтазам ва пурра бо нерӯи барқ таъмин карда шавад. «Дар робита ба натиҷаҳои ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ Ӯзбекистон ҳеҷ эътирози расмие пешниҳод накардааст», - афзуд. У.Усмонзода.

Қобили зикр аст, ки ҳукуматдорони Ӯзбекистон мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун буда, чунин мешуморанд, ки бунёди сарбанди бузург ба тақсимоти захираҳои оби дарёи фаромарзии Амӯдарё таъсир расонида, ҳамчунин сохтмони сарбанди баландиаш беш аз 300 метр дар минтақаи ба заминларза осебпазир натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба кишварҳои поёноби Амӯдарё низ хатар эҷод мекунад.