Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 июли соли равон 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо аввали соли 2015 ба миқдори 34,6 млн. доллари ИМА камтар буда, ба 19,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.
Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки барои идоракунии пурсамари қарзи хориҷӣ тадбирҳои қотеъона андешида шуда, хизматгузории он пурра таъмин гардид.
Ба гуфтаи ӯ, барои пардохти қарзи хориҷӣ беш аз 70 млн. доллари ИМА, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ - зиёда аз 55 млн. доллари ИМА ва фоизҳо - ҳудуди 16 млн. доллари ИМА маблағҳо равона гардиданд.
Каримзода таъкид дошт, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои амалисозии 5 лоиҳаи нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 873 млн. сомонӣ 6 созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расидаанд.
«Айни замон оид ба ҷалби воситаҳои иловагӣ ҷиҳати дастгирии буҷет бо Фонди зиддибуҳронӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин аст, ки ҳаҷми қарз назди ин кишвар 942 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Тоҷикистон ҳамчунин аз Бонки ҷаҳонӣ - 326,5 млн. доллари ИМА ва Бонки осиёгии рушд - 277 млн. доллари ИМА низ қарздор аст», - афзуд муовини аввали вазири молия.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста