- Нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳудуди 585 млн. сомонӣ маблағ равона шуд, - иттилоъ дод муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза.
Ба гуфтаи ӯ, ин миқдор маблағ 84% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил медиҳад, зеро барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун нимсолаи аввали соли 2015 ҷудо гардидани 650 млн. сомонӣ аз буҷет пешбинӣ гардида буд.
Каримзода қайд кард, ки то ахири сол ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи мазкур ҷудо кардани беш аз 1,6 млрд. сомонӣ дар нақша аст. «Шурӯъ аз соли 2007 бо таъсиси ҶСК «НБО Роғун» ба идомаи сохтмони ин иншоот беш аз 6 млрд. 435 млн. сомонӣ маблағ равона гардид», - иброз дошт ӯ.
Ғайр аз ин, изҳор дошт Каримзода, барои харидории таҷҳизоти нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби воситаҳои бадастомада аз фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» ҳудуди 327 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 860 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд. «Қисмате аз ин воситаҳо дар суратҳисобҳои амонатии бонкҳои ҷумҳурӣ гузошта шудаанд, ки фоизҳои онҳо 60 млн. сомониро ташкил доданд», - афзуд муовини аввали вазири молия.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста