Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 тайи 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминиии аввалия дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) қариб 3,5% афзуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарии рӯзи 23 июл дар ин робита изҳор намуд, ки давоми ним сол дар ин корхона тақрибан 72 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли 2014 - каме бештар аз 70 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол шудааст.

Вазир қайд кард, ки айни замон дар ТАЛКО «таъмири технология бо назардошти талаботи экологии замони муосир» ҷараён дорад. «Ба фикри ман, то ахири сол ҳаҷми истеҳсоли алюминий боз зиёдтар мешавад», - иброз дошт ӯ.

Бобозода ҳамчунин зикр кард, ки то ахири соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Ширкати алюминии Тоҷикистон то 165 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки ТАЛКО бори нахуст тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти алюминийро зиёд кард. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.а, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир дар ТАЛКО тамоили коҳиши истеҳсоли алюминий ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тариқ, дар ТАЛКО соли 2007 - 419; соли 2008 - 400; соли 2009 - 360; соли 2010 - 348; соли 2011 - ҳудуди 290; соли 2012 - 275; соли 2013 - беш аз 218 ва соли 2014 - ҳудуди 125 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шуд.

Аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбарияти ТАЛКО талаб кард, ки ба афзоши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваффақ шаванд.

Нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода зикр кард, ки ҳукумат мунтазам ширкатро дастгирӣ намуда, барояш бисёр имтиёзҳо пешниҳод мекунад, вале аз истеҳсоли алюминий дар ҳаҷми 125 ҳазор тонна дар соли гузашта қаноатманд нест. «Мо хостори онем, ки ҳамасола 300-400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шавад», - гуфт ӯ.

Дар навбати худ  раҳбарияти ТАЛКО ба нахуствазир ваъда дод , ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол ҳаҷми истеҳсоли алюминий 50 ҳазор тонна (40%) зиёд гардида, то 175 ҳазор тонна расонида мешавад.