- Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 ҳаҷми истихроҷи тилло дар Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон қариб ду баробар зиёд шуд, - иттилоъ дод вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарии рӯзи 23 июл.

Аммо вазир аз ифшои нишондиҳандаи ҳаҷми тиллои истихроҷшуда давоми моҳҳои январ-июни соли 2015 дар ҷумҳурӣ худдорӣ варзида, қайд кард, ки маълумот доир ба ин металл мутобиқи «низоми махсус» пешниҳод мешавад.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июли соли гузашта Бобозода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд, ки нимсолаи аввали соли 2014 дар Тоҷикистон 1 ҳазору 141,1 кило тилло истеҳсол карда шудааст.

Бо назардошти ин маълумот, метавон тахмин зад, ки нимсолаи аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 2 ҳазору 280 кило тилло истеҳсол шудааст.