Гурӯҳҳои истеҳсолии занона, ки аз тарафи Оксфам дастгирӣ карда мешаванд, маҳсулоти кишоварзии худро дар Намоишгоҳи тиҷоратии минтақавии дурӯза, ки дар рӯзҳои 24-25 июл дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ба маъраз мегузоранд.
Намоишгоҳи тиҷоратии минтақавӣ истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, истеъмолкунандагону тоҷирони маҳсулотҳои кишоварзиро бо мақсади рушди равобит, мубодилаи иттилоот ва инчунин пайдо намудани имкониятҳои нави тиҷорат ба ҳам меорад. Дар назар аст, ки меҳмонони намоиш барои харидорӣ ва дастрас намудани маҳсулот ва хизматрасониҳо аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Федератсияи Русия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон меоянд.
«Намоишгоҳи тиҷоратӣ имконияти хубро баҳри пайдо намудани дастрасӣ ба бозорҳои нав, харидорон ва истеҳсолкунандагон барои Гурӯҳҳои истеҳсолии занонаи мо фароҳам меорад. Инҳо деҳқонони хурде мебошанд, ки маҳсулоти барои ҳамаи мо заруриро истеҳсолу тавлид менамоянд ва барои беҳтар намудани ҳаёту ҷамоатҳои худ якҷоя саъйю кӯшиш менамоянд» - қайд намуд Боян Колундзия, Директори Оксфам дар Тоҷикистон.
Деҳқонӣ сарчашмаи асосии шуғл дар деҳотҷойҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад чун бештари мардум даромадро маҳз аз ҳисоби парвариши пахта, донагиҳо, меваву сабзавотҳо ва инчунин парвариши чорво ба даст меоранд. Қисми зиёди деҳқонони хурдро занон ташкил медиҳанд, ки онҳо дар истеҳсолоти меваву сабзавот нақши муҳимро мебозанд.
Оксфам ба деҳқонони хурд, алалхусус деҳқонзанон, дар ба даст овардани даромади беҳтар кӯмак мерасонад. Мо таъсиси Гурӯҳҳои истеҳсолиро дастгирӣ менамоем ва ба онҳо дар ташкили алоқаҳои бозорӣ бо иштирокчиёни мухталифи занҷираи арзишӣ ёрдам мекунем.
«Мо дарк намудем, ки кори дастаҷамъона метавонад ба ҷамоатҳо ва шахсони алоҳида манфиати зиёд орад - сифати такмилёфтаи маҳсулот, ҳосили зиёдтар, арзиш ва даромади бисёртар, мавқеи волои иҷтимоӣ ва омӯзиши малакаҳои раҳбарӣ», - изҳор дошт Соҷидамоҳ Асоева, аъзои фаъоли Гурӯҳи истеҳсолии занонаи «Рӯъё».
Мо инчунин дар таъмини машварати ҳуқуқӣ кӯмак мерасонем, то деҳқонон ҳуқуқҳои худро вобаста ба замин ва захираҳо дониста бошанд ва тавонанд онҳоро ҳимоя намоянд. Мо бо ҳукуматҳои сатҳи маҳаллӣ ва марказӣ барои таъмини манфиати воқеъӣ барои деҳқонон ва кишоварзон кору фаъолият менамоем.
Оксфам ташкилоти умумиҷаҳонии рушд аст, ки иқтидори мардумро барои мубориза бо камбизоатӣ равона мекунад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста