Роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ тавассути Кӯлоб баста боқӣ мемонад.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки селобаи рӯзи 24 июл ба фаромадани сангпораҳои бузург аз ҷониби Афғонистон боис гардида, маҷрои дарёи Панҷ дар ноҳияи Дарвозро бастааст ва оби дарё аз сатҳи муқаррарӣ 5 метр баланд шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, бар асари ин офат 200 метр роҳи мошингарди Кӯлоб - Дарвоз дар қаламрави мавзеи Шурговад зери об мондааст. Нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки роҳи оби ҷамъшуда каме боз гардида, сатҳи об аллакай 2 метр поин рафтааст ва барои комилан рафъ кардани хатар, аз ҷумла ба воситаи таркиш аз маҷрои дарё берун бурдани сангҳои бузург чораҷӯӣ мешавад.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки айни замон ҳаракати нақлиёт бо роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ тавассути роҳи алтернатвии Рашт - Тавилдара ва ағбаи Хобуробод роҳандозӣ шудааст.