Лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ба аввали нимсолаи дуюми соли равон аз 54 лоиҳа иборат буда, сандуқи сармоягузории онҳо 2,25 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ миёни Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд ба маблағи 123,6 млн. доллари ИМА 5 созишномаи нав ба имзо расидааст.
«То 1 июли соли 2015 дар доираи амалисозии лоиҳаҳои амалкунанда беш аз 6,7 млрд. сомонӣ маблағҳо азхуд шуданд, ки ба 48% аз ҳаҷми умумии ин воситаҳо баробар аст», - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаҳои сармоягузории амалишаванда 10 бахши гуногуни иқтисодро фаро гирифта, дар сохтори ин воситаҳо ҳиссаи қарзҳо ба - 45%, грантҳо - 47% ва ҳиссаи ҳукумат ба 6,7% рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, Л.Файзуллоев таъкид дошт, ки тӯли 6 моҳи соли 2015 ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 201 млн. доллари ИМА воситаҳо ҷалб шудаанд, ки ҳудуди 97 млн. долларашро сармоягузориҳои мустақим ташкил медиҳанд.
«Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ асосан ба соҳаи иктишофи геологӣ ва истихроҷи кандланиҳои фоиданок, ба бахши алоқа, сохтмон, саноат ва кишоварзӣ ҷалб шуданд», - афзуд номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста