То охири соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон доир мегардад.

Тавре як манбаъ аз бахши иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, айни замон ҷонибҳо ҷузъиёти ин масоил - санаи дақиқ ва макони баргузор намудани ин намоишгоҳро баррасӣ доранд.

«Дар намоишгоҳ маҷмӯи васеи маҳсулоте, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол мешавад, шурӯъ аз навъҳои гуногуни автомобилҳо, техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти дӯзандагиву бофандагӣ ва ғизойӣ то маҳсулоти саноати кимиёву асбобу лавозимоти маишӣ ва рӯзгор ба маърази тамошо гузошта мешавад», - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки 23 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии сеюми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид.

Қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуда буд , ки ин гуфтушунидҳо дар Тошканд пурсамару умедбахш анҷом пазируфтанд.

Зимни ҷаласаи мазкур муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов изҳор намуд, ки кишвари ҳамсоя ба баррасии пешниҳодҳои корхонаҳои Тоҷикистон  ҷиҳати роҳандозии ҳамлу нақли дуҷонибаи маҳсулот омода буда, таҳияи феҳристи мавқеъи молҳо барои рушди содироти дуҷонибаро зарур медонад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расида ба «Азия-Плюс» аз доираҳои ҳукуматӣ, ахири моҳи октябр - аввали моҳи ноябр дар Душанбе баргузор шудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки марзи давлатии кишварҳо пешбинӣ шудааст.