Мавсими тобистони имсол ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми то 500 млн. кВт нерӯи барқ ба Қирғизистон интиқол доданист.
Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Даврон Исҳоқӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки созишнома дар бораи содироти нерӯи барқ ба кишвари ҳамсоя аввали моҳи июли соли ҷорӣ ба имзо расид.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи созишномаи баимзорасида миёни ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар, мавсими тобистон интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми 500 млн. кВт/соат бо нархи 2,5 сент барои 1 киловатт пешбинӣ шудааст.
Аввали ҳамин моҳ Вазорати энергетикаи Қирғизистон низ дар бораи имзои созишнома оид ба харидории барқ аз Тоҷикистон хабар дода буд.
Қаблан муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Айбек Калиев иттилоъ дода буд , ки кишвари ҳамсояи Қирғизистон нерӯи барқи Тоҷикистонро бо нархи 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.
Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буданд , ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидаанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста