Бонки осиёгии рушд (БОР) Стратегиия нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020-ро таҳия мекунад.
Аз намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар доираи таҳияи ин стратегия имрӯз, 28 июл дар Душанбе семинари дуюми машваратӣ гузаронида мешавад.
«Дар кори семинар намояндагони ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикон оид рушд ширкат варзида, дар он масъалҳои марбут ба ҳамкории минбаъдаи бонк бо Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд», - гуфт манюаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ба кори семинари машваратӣ намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си. Си. Ю ва вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода ҳусни оғоз мебахшанд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи майи соли ҷорӣ зимни мулоқоти муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бо намояндагони БОР вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда буданд.
Қобили зикр аст, ки БОР яке аз ниҳодҳои бузурги молии мадарасон ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки давоми 15 сол ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 1,3 млрд. доллари ИМА кумаки молӣ расонидааст. Ин воситаҳо ба Тоҷикистон асосан ба сифати бурс ва кумаки техникӣ пешниҳод шудаанд.
Аз соли 2008 Бонки осиёгии рушд танҳо бар асоси бебозгашт ба Тоҷикистон кумаки молӣ мерасонад.
Қаблан раҳбарияти намояндагии БОР дар Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки аз соли 2015 имкони барқарор кардани ба Тоҷикистон пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок вуҷуд дорад. «Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки шурӯъ аз соли 2015 ба Тоҷикистон воситаҳои бурсӣ ва қарзҳои имтиёзнок дар ҳаҷми баробар ҷудо карда шавад», - хабар дода буд ба журналистон намояндаи доимии БОР дар ҶТ С.Си.Ю.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста