Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза изхор намуд, ки таҳримҳои ҷоришуда нисбати Русия аз ҷониби кишварҳои ғарб ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам таъсир расониданд.

Ӯ қайд кард, ки нимсолаи аввали соли 2015  ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон 21,9%, аз ҷумла ҳаҷми воридот - 25% коҳиш ёфт. «Ин коҳиш асосан аз ҳисоби камшавии ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ бо Русия ва Қазоқистон, ки шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд, ба вуҷуд омад», - иброз дошт вай.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли дуҷонибаи Тоҷикистону Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 11,4% ва бо Қазоқистон - 16,9% кам шудааст.

«Ғайр аз ин, - идома дод Ҳикматуллозода. - Набояд фаромӯш сохт, ки аксари муҳоҷирони мо дар қаламрави Русия кор мекунанд ва ҳаҷми маблағҳои фиристодаи онҳо низ дар ин давра кам шуда, ин ба поинравии қобилияти харидорӣ дар бозори дохилии ҷумҳурӣ оварда расонид».

Тибқи маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеъӣ ба Тоҷикистон 32% коҳиш ёфтааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҷониби вазорат тадбирҳои зиддибуҳронӣ пешниҳод гардидаанд, ки ба коҳиши таъсири буҳрони Русия ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат мекунанд. «Минбаъд мо ба хориҷа умед набаста, балки  ба имконоти дохилӣ  бояд  такя кунем», - афзуд вазир.