Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода бар ин назар аст, ки нишондиҳандаҳои буҷети Тоҷикистон ба бозбинӣ ниёз надоранд.
«Тибқи мушоҳидаҳову таҳлилҳои мо, дар ин кор алҳол ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад», - гуфт Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза.
Вазир қайд кард, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои буҷет ба андозаи ҳамагӣ 96,7% ба иҷро расиданд. «Аммо барои иҷрои пурраи буҷет дар нимсолаи дуюми соли равон ҳамаи имконот мавҷуданд», - иброз дошт ӯ дар идома.
Бино ба таҳлилҳои Вазорати рушди иқтисод, иҷрои буҷет пеш аз ҳама аз ҳисоби афзоиш дар бахши саноат ва кишоварзӣ имконпазир мегардад.
Ҳикматуллозода таъкид дошт, ки тӯли 6 моҳи соли 2015 ҳаҷми афзоиши маҳсулоти саноатӣ беш аз 14% ва маҳсулоти кишоварзӣ - қариб 7%-ро ташкил дод.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, нимсолаи аввали соли 2015 ба буҷет дар ҳаҷми 6,9 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ҳамагӣ ба 96,7%-и нақша баробар аст. Ба истилоҳи дигар дар ин давра ба буҷети давлатӣ аз нақша тақрибан 235 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 дар ҳаҷми 15 млрд. 278 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта ба миқдори 10% бештар аст.
Ҳаҷми ҳадди ниҳоии каср (дефитсит)-и Буҷети давлатӣ дар соли равон ба андозаи 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба маблағи 264,1 млн. сомонӣ) тасдиқ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 13,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз нақша 2,7% зиёдтар буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста