Намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва доираҳои коршиносӣ муҳиммияти соддагардонии расмиёти савдоро баррасӣ намуда, бо талаботи Созишномаи СТҶ доир ба соддагардонии савдо (TFA) ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар баробари СТҶ дар самти мазкур шинос шуданд.
Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ хабар доданд, давраи омӯзишии дурӯза дар мавзӯъи соддагардонии расмиёти савдо имрӯз, 29-уми июл, дар шаҳри Душанбе анҷом пазируфт. Ин давра бо ибтикори Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Давраи омӯзишии мазкур ҷузве аз талошҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ҷиҳати таъсис ва роҳандозии фаъолияти Кумитаи миллӣ доир ба соддагардонии расмиёти савдо мебошад. Ниҳоди нави давлатӣ бо ҳадафи соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии муқаррароти марбут ба тиҷорати байнулмилалӣ таъсис хоҳад ёфт. Роҳандозии фаъолияти чунин як ниҳод талаби ҳатмии Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) дар чаҳорчӯбаи Созишномаи СТҶ доир ба соддагардонии расмиёти савдо мебошад. То имрӯз, гузориши «Таъсиси Кумитаи миллӣ доир ба соддагардони расмиёти савдо дар Тоҷикистон. Аз шарҳи маънӣ то ба ҳукми қонунӣ» аз ҷониби МТБ таҳия ва миёни шарикон паҳн шудаааст. Гузориши мазкур дар торнамои мо бо забонҳои инглисӣ ва русӣ низ дастрас мебошад.
Бону Октавиа Черкез, мушовири байнулмилалии МТБ, мегӯяд: «Соддагардони расмиёти савдо, махсусан, масъалаҳои вобаста ба марз ва масъалаҳои дохилӣ, ҳамоҳангӣ миёни ниҳодҳои зиёде (созмонҳо, оҷонсиҳо) ва дар сатҳҳои гуногуни ин ниҳодҳоро талаб мекунад. На ҳама ниҳодҳо сиёсат ва вазифаҳои сохтории худро ба таври комил идора мекунанд. Масалан, дар ҳоле, ки ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ва назорат аз болои ин ҷамъоварии он ба дӯши Кумитаи гумрук вогузор гардидааст, сиёсати муайянсозии таърифаҳои гумрукӣ бар уҳдаи ягон ниҳоди дигар, ба монанди вазорати молия, вазорати тиҷорат ё иқтисод мебошад. Ҳадаф аз фаъолияти Кумитаи нав ҳамоҳангии фаъолияти ҳамин ниҳодҳо ва ба созиш расидани ниҳодҳое мебошад, ки баъзан ба тиҷорати фаромарзӣ назари комилан мутафовит дорад. Ҳамин гуна, ниҳодҳои миллии соддагардони расмиёти савдо ба манфиати миллӣ кор хоҳанд кард, ба шарте, ки дар фазои мусоид фаъолият кунанд, яъне, ниҳодҳои марбута уҳдадориҳои худ дар баробари ин кумита ва вазифаҳои рушди миллиро дарк кунанд. Вазифаҳои рушди миллӣ аз боло бурдани сатҳи рақобатпазирии Тоҷикистон, рушдёбӣ аз ҳисоби тиҷорат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди кишвар иборат мебошад».
Дар дарозмуддат, фазои тиҷоратии Тоҷикистон дар натиҷаи коҳиш ёфтани хароҷоти муомилоти амалиётҳои фаромарзӣ ҳам аз нигоҳи сарфи вақт ва ҳам аз ҷиҳати молиявӣ манфиат хоҳад бардошт.
Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста