Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рушди иқтисоди кишвар аз рӯи натиҷаҳои соли равонро дар сатҳи 6,4% пешгӯӣ мекунад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки созмонҳои байнулмилалӣ рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷориро дар сатҳи 3% пешгӯӣ мекунанд, вале аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал он 6,4%-ро ташкил дод ва мувофиқи пешгӯиҳои вазорат, аз рӯи натиҷаҳои солона низ сатҳи рушд дар ҳамин сатҳ боқӣ хоҳад монд. «Пешгӯиҳои мо маъмулан ба воқеъият наздиктаранд», - таъкид дошт ӯ.
Ҳикматуллозода қайд кард, ки аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал мизони таваррум дар бахши истеъмолӣ ҳамагӣ 2,6%-ро ташкил додааст, ки «нишондиҳандаи хуб» аст.
Ба гуфтаи ӯ, то охири сол сатҳи таваррум аз 7% зиёдтар намешавад. «Соли оянда низ сатҳи таваррумро дар ҳамин сатҳ пешбинӣ дорем», - иброз дошт вай.
Дар ҳамин ҳол, вазир таъкид дошт, ки мувофиқи пешгӯиҳои вазорат, соли оянда афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар сатҳи 7% боқӣ мемонад. «Кишвари мо аз имконоти зиёди истифоданашуда бархурдор аст, ки ба мо барои расидан ба ин нишондиҳандаҳо кумак мекунад», - афзуд номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста