Айни замон дар бахши нақлиёти Тоҷикистон ба маблағи умумии 626,2 млн. доллари ИМА 15 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешаванд.

Муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Суҳроб Мирзоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки давоми сол мавриди амал қарор гирифтани боз як қатор лоиҳаҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар оид ба сохтмони иншоот дар бахши нақлиёт оғоз мегарданд.

«Имсол ба амалисозии лоиҳаҳои таъмиру барқарор кардани роҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода (аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе) ва таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Исфара ҳусни оғоз бахшида мешавад», - гуфт ӯ.

Ғайр из ин, гуфт дар идома Мирзоев, корҳои омодагӣ ва лоиҳакашӣ барои амалисозии лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб - Ванҷ (то марзи ноҳияи Рӯшон) низ идома дорад.

Ӯ таъкид намуд, ки охири сол корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе - Турсунзода, Айнӣ - Панҷакент ва Шоҳон - Зиғар ба итмом мерасад.

Муовини аввали вазир илова кард, ки феълан дар амалисозии ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 1,3 ҳазор мутахассисон машғули коранд, ки 76,3%-и онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.