Ду ҳавопаймои мусодирашудаи навъи АН-27-и ширкати Rolkan Investments Ltd ҳоло ҳам дар шаҳри Қӯрғонтеппа қарор доранд.
Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Маҳмадюсуф Раҳмонов зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба ин масъала гуфт, ин ҳавопаймоҳо барои аз ҷониби халабонон риоя нашудани талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба авиатсияи гражданӣ мусодира шуда буданд.
М.Раҳмонов таъкид дошт, ки нисбати халабонон аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. «Айни замон ин масъала мавриди баррасии мақомоти марбутаи Тоҷикистон қарор дорад», - афзуд ӯ.
Моҳи августи соли 2014 роҳбари дастгоҳи Суди олии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода хабар дода буд , ки маълумот дар бораи муроҷиати раҳбарияти ширкати русиягии Rolkan Investments Ltd ба Суди олии Тоҷикистон бо дархости бекор кардани қарори соли 2011 қабулшуда оид ба мусодираи ду адад ҳавопаймои АН-72 ва ба моликаш баргардонидани онҳо асоси воқеӣ надорад.
Қобили зикр аст, ки қазияи марбут ба ҳавопаймоҳои Ан-72 ҳанӯз моҳи марти соли 2011, ҳангоме ки халабонон (лётчикҳо)-и Rolkan Investments Ltd аз Кобул баъди интиқоли бор ба нерӯҳои ISAF бармегаштанд, рух дод. Халабонон барои убури марзи Тоҷикистон иҷозатнома доштанд. Аммо диспетчерҳо изҳор намуданд, ки иҷозатнома мавҷуд нест ва баргаштани ҳавопаймоҳоро талаб карданд. Чун сӯзишворӣ дар арафаи анҷомрасӣ буд, ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нишаста, аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуданд.
Суд халабононро гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард, вале бар асоси қонуни афв онҳо аз толори суд озод карда шуданд. Ҳавопаймоҳо бошанд, ба тавозуни Кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон гузаронида шуданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста