- Тӯли ним соли ҷорӣ зимни санҷишҳои аудитории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҳаҷми 85 млн. сомонӣ зиёни молӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 млн. сомонӣ зиёдтар аст, - изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯзаи ҷамъбасти нимсола раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода.
«Ғайр аз ин, аз ҷониби аудиторони Палата ба маблағи умумии 86,6 млн. сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои давлатӣ ва ба маблағи 8,2 млн. сомонӣ истифодаи бесамари воситаҳо низ ошкор шуданд», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми воситаҳои барқароршуда 18,4 млн. сомонро ташкил додааст, ки ба 21,8% аз ҳаҷми умумии зиёни молии расида баробар аст. «Аз ҷумла 14,2 млн. сомонӣ маблағҳо ба буҷети давлатӣ ва 4,1 млн. сомонӣ ба корхонаву ташкилотҳо баргардонида шуд», - афзуд номбурда.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста