Амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) соли 2019 ба итмом мерасад.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, барои амалисозии қисмати лоиҳа дар Тоҷикистон мувофиқи тарҳи арзёбии иқтисодиву фаннӣ ва модели молиявии Бонки ҷаҳонӣ 314 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.
Гуфта мешавад, то имрӯз оид ба ин масъала бо Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 45 млн. доллари ИМА созишномаи грантӣ ва Бонки сармоягузории Аврупо ба мабалғи 70 млн. Евро (тақрибан 80 млн..$0 созишномаи қарзӣ ба имзо расида, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа ба маблағи 15 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, ахири ҳафтаи гузашта бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 110 млн. доллари ИМА созишномаҳои қарзӣ ва кафолатнок ба имзо расиданд. «Дар маҷмӯъ уҳдадориҳо дар ҳаҷми 250 млн. доллари ИМА тасдиқ шуда, ҷиҳати ҷалби воситаҳои боқимонда гуфтушунидҳо идома доранд», - қайд мекунанд дар Вазорати молия.
Қобили зикр аст, ки арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷот аз рӯи лоиҳа барои кишварҳои иштирокчии он тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон - 314 млн. $; Қирғизистон - 209 млн. $; Афғонистон - 354 млн. $ ва Покистон - 209 млн. $.
То ахири соли равон интихоби паймонкори кулли лоиҳа дар назар буда, пас аз он бевосита корҳои сохтмону насби хатҳои интиқоли барқ шурӯъ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки дар лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол додани нерӯи барқ пешбинӣ шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста