Оғози ҳафтаи равон қурби миёнаи муқарраршудаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда бошад ҳам, қурби он дар бозор тамоили болоравӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 6,67-6,69 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), яке аз омилҳои асосии болоравии қурби долл. ИМА–и нақд якбора паст шудани қурби рубли русӣ нисбати долл. ИМА дар рӯзҳои охир мебошад. Рубли русӣ аз аввали моҳ 7,8 фоиз ва танҳо дар 8 рӯзи охир 6,0 фоиз беқурб шуд (аз 55,84 рубл то ба 60,22 рубл барои 1 долл. ИМА). Беқурбшавии рубли русӣ асосан аз ҳисоби паст рафтани нархи нафт (аз 57,01 долл. ИМА то 52,87 долл. ИМА барои 1 баррел) сурат гирифта истодааст. Мутаносибан рубли русии нақдӣ дар ин давра нисбати сомонӣ низ 5,0 фоиз беқурб шуд (аз 0,1160 сомонӣ то ба 0,1102 сомонӣ барои 1 рубли русӣ).
Ин вазъият ба кам шудани фурӯши рубли русии нақд ва долл. ИМА-и нақд аз ҷониби шахсони воқеӣ сабаб гашта, амалан ба қатъ шудани хариди рубли русӣ бо долл. ИМА-и нақд ва фурӯши долл. ИМА-и нақд дар бозори дохилӣ оварда расонидааст.
Омили дигар, омили мавсимӣ буда, ҳамасола дар оғози моҳи август талабот ба хариди долл. ИМА-и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродие, ки ба ворид кардани молу маводи талаботи аввалиндараҷа машғул мебошанд, меафзояд. Бахусус, имсол ин давра пас аз тамом шудани моҳи шарифи Рамазон ва хариду фурӯши идона фаро расида, талаботи хариди долл. ИМА-и нақдро ба маротиб зиёд кардааст.
Вазъият зери назорат қарор дошта, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ барои дар ҳудуди 6,52-6,54 сомонӣ нигоҳ доштани қурби хариду фурӯши долл. ИМА-и нақд тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Қурби миёнаи амалиёти хариду фурӯш бо рубли русӣ ва еврои нақдӣ низ паст шуда, мувофиқан 0,1097-0,1108 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 7,1778-7,1978 сомонӣ ба як евро баробар аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста