То охири сол Тоҷикистон қарзи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистонро пурра пардохт карданист.

Аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳаҷми қарз аз Ӯзбекистон аз 8,02 млн. доллари ИМА-и аввали соли 2015 нимсолаи аввали соли равон то ба 2,99 млн. доллари ИМА кам шуд. Нимсолаи аввал маблағи 5,04 млн. доллари ИМА қарзи асосӣ ва 30 ҳазор доллари ИМА фоизҳо аз он ба Ӯзбекистон баргардонида шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, то ахири сол ҳамчунин пардохт шудани қарз ба Қазоқистон низ дар назар аст, ки ба санаи 1 июли соли ҷорӣ 610 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 июли соли равон 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо аввали соли 2015 ба миқдори 34,6 млн. доллари ИМА камтар буда, ба 19,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин аст, ки ҳаҷми қарз назди ин кишвар 942 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон ҳамчунин аз Бонки ҷаҳонӣ - 312,6 млн. доллари ИМА, Бонки осиёгии рушд - 262,5 млн. доллари ИМА ва Бонки исломии рушд - 110,2 млн. доллари ИМА қарздор аст.