Ҳаҷми умумии сармояи ҷалбшуда ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон қариб 100 млн. сомонӣ (ҳудуди 16 млн. $ бо қурби ҳозира) арзёбӣ мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон дар се МОИ - «Суғд», «Данғара» ва «Панҷ» 60 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 19-тои он (16 то дар «Суғд» ва 3-то дар «Данғара») ба истеҳсоли маҳсулот оғоз намуда, то охири семоҳаи сеюм ба кор даромадани боз ду субъект дар МОИ «Панҷ» дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, чор субъекти МОИ «Суғд» аллакай фурӯши маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақавиро ба роҳ мондаанд, аз ҷумла маҳсулоти пластикии корхонаи муштараки «Стар пласт» ба Қирғизистон содирот шуда, нимсолаи аввал корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА маҳсулоташро ба Қирғизистону Қазоқистон ва Афғонистону Русия содирот кардааст.
Гуфта мешавад, корхонаи «Тоҷпроф» ба маблағи 120 ҳазор доллари ИМА маҳсулоти худро ба Қирғизистону Афғонистон фиристода, маҳсуоти ҶДММ «Реал» ба маблағи қариб 200 ҳазор доллари ИМА ба Ӯзбекистону Қирғизистон содирот шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста