Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) беш аз 100 зарф (ванна)-и электролизиро аз таъмири асосӣ баровард, ки дар онҳо ҷараёни физикиву кимиёвӣ барои ҳосил шудани алюминий сурат мегирад.
Аз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 106 зарфи электролизӣ бо таҷҳизоти заруриаш пурра таъмир ва ба истифода дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бо дастгирии шарикони хориҷӣ моҳи август корхона таъмири боз 48 зарфи электролизиро анҷом дода, то охири сол 200 чунин зарф иваз карда мешавад.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, пас аз анҷоми корҳои азнавсозии таҷҳизот, ширкат тадриҷан ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро то иқтидори лоиҳавӣ афзуданист.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд , ки то охири сол ширкат истеҳсоли 190 ҳазор тонна алюминийро дар нақша дошта, соли оянда раҳбарияти корхона ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалияро то ба 270 ҳазор тонна расонад.
Дар ҳамин ҳол, қаблан зимни нишасти хабарӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода изҳор намуда буд, ки давоми ним сол дар ин корхона тақрибан 72 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли 2014 - каме бештар аз 70 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ТАЛКО бори нахуст тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти алюминийро зиёд кард. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.а, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.
КВД «Ширкати алюминии тоҷик» яке аз бузургтарин дар паҳнои ИДМ ва ягона корхонаи истеҳсоли алюминий дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Иқтидори лоиҳавии корхона истеҳсоли 517 ҳазор тонна алюминийро ташкил медиҳад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста