Роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» либоси расмии худро тағйир доданд. Акнун либоси онҳо аз рангҳои марҷонӣ ва нилобӣ иборат мебошад.
Тавре аз хадамоти матбуои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, бастаи либосҳои нави духтарон аз нимтана, юбка, шим, пиҷак, шарф, плаш, ду намуд пойафзол ва либоси мардона бошад аз костюм, курта, гарданбанд, плаш ва пойафзол иборат мебошад.
Дар либоси роҳбаладон нишонаи ширкати ҳавопаймоӣ дарҷ гардидааст. Дар тугмачаҳои либосҳо тамғаи ширкат, шарфҳои занона ва гарданбандҳои мардона бошад, бо нақшу нигори шарқӣ оро дода шудаанд, ки дар дохили ҳавопаймои Боинг 737-900 низ ин ороишро дидан мумкин аст. Либосҳои нав бо фармоиши ширкати ҳавопаймоӣ, дар ширкати туркии Remtex Uniform омода шудаанд.
Қобили зикр аст, ки феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон амалӣ мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста