- Барои расидан ба ҳадафҳои рушд Тоҷикистонро зарур аст, ки модели афзоишро ба таври бунёдӣ тағйир диҳад, ки айни замон ба истеъмол нигаронида шуда, дар ниҳояти кор ноустувор аст, - гуфта мешавад дар Гузориши Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар мавриди Тоҷикистон.
«Аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулӣ ва маоши нисбатан баланд дар корхонаҳои давлатӣ, бахши хизматгузорӣ густариш ёфта, дар ҳамин ҳол, коҳиши соҳаи начандон бузурги саноатӣ идома дорад», - қайд мешавад дар гузориш.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки суръати фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ба ҷалби ҷавонон имкон надода, суръати афзоиши музди меҳнат аз маҳсулнокии меҳнат зиёд шудааст.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки «шароити мушкили роҳандозии тиҷорат дар Тоҷикистон ва ҳамчунин монеъаҳо дар роҳи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ мусоидат накарда, дар маҷмӯъ сармоягузориҳоро маҳдуд мекунанд. Шурӯъ аз соли 2008 ҳаҷми миёнаи солонаи сармоягузориҳои умумӣ ҳудуди 15% нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад, ки тибқи меъёрҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ хеле кам аст».
Ба сифати монеъаҳои асосӣ дар самти сармоягузорӣ «зербинои ба талабот ҷавобгӯ набуда, бахусус таъмини нокофӣ ва беэътимод бо барқ, волоияти заъифи ҳуқуқҳо, бахусус нисбати ҳуқуқ ба моликият ва ҳамчунин сиёсати андоз ва маъмуриятчигӣ» номбар карда мешаванд.
«Болоравии сатҳи сармоягузориҳои хусусӣ ва рушди тиҷорати нав шартҳои ниҳоят муҳиму ҳатмӣ барои афзоиши таъсиси ҷойҳои корӣ мебошанд», - мегӯянд коршиносон.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон назди худ ҳадафҳои бузургмиқёс гузоштааст, ки то соли 2020 бояд ба онҳо ноил гардад. Ин ҳадафҳо аз ду баробар зиёд шудани ММД, коҳиши сатҳи камбизоатӣ то 20% ва ҳамчунин густаришу тавсеъаи синфи миёна иборатанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста