Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) қарзаш аз истифодаи нерӯи барқро ба таври қобили мулоҳиза кам кард.
Аз ширкати «Барқи тоҷик» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ТАЛКО қарзашро ба маблағи 197,3 млн. сомонӣ коҳиш додааст. «Дар навбати худ мо ин маблағҳоро ба пардохти қарзҳоямон ба корхонаву ташкилотҳо равона кардем», - гуфтанд дар ширкат.
Ба иттилои манбаъ, айни замон қарзи умумии ТАЛКО аз ширкати «Барқи тоҷик» тақрибан 332 млн. сомониро ташкил медиҳад. «Ширкати алюминии тоҷик бузургарини истеъмолгари нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ аст. Тайи солҳои ахир бинобар сабаби поинравии нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ, ширкат ба норасоии воситаҳо дучор шуд, вале сарфи назар аз ин, дар доираи имконоти мавҷуда қарзҳояшро пардохт мекунад», - гуфтанд дар ширкати «Барқи тоҷик» ва таъкид доштанд, ки «ҳамагӣ чанд сол пеш қарзи ТАЛКО ба ширкат ба ҳудуди 600 млн. сомонӣ расида буд.
Ба нимсолаи аввали соли 2015 қарзи корхонаву ташкилот ва аҳолӣ аз ширкати «Барқи тоҷик» зиёда аз 1,1 млрд. сомонӣ ва қарзи ширкат аз корхонаву ташкилотҳо дар ин давра ҳудуди 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. «Агар ҳамаи қарздорон бо мо ҳисоббаробарӣ кунанд, мо пурра қарзҳои худро баргардонида, боз фоида ҳам мегирифтем», - гуфтанд дар ширкат.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста