Ба аввали моҳи ҷорӣ ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18% (7 моҳи соли 2014 - тақрибан 352 ҳазор тонна) зиёдтар аст.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, аз ҳаҷми умумии ангишти дар соли равон истихроҷшуда тақрибан 352 ҳазор тоннааш аллакай ба истеъмолгарон фурӯхта шудааст.

Афзоиши ҳаҷми истихроҷ ва истифодаи ангишт дар ҷумҳуриро дар Вазорати мазкур ба ивази гази табиӣ ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаҳои бузурги саноатӣ нисбат медиҳанд. «Шурӯъ аз соли 2007 беш аз 150 корхонаи саноатии Тоҷикистон ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузашта, ғайр аз ин, корхонаҳо бо истифодаи ангишт низ ба истифода дода шуданд», - гуфтанд дар вазорат.

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии мамлакат низ яке аз истеъмолгарони сершумори ангишт ба шумор меравад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон, аҳолии деҳоти кишвар барои гарм нигоҳ доштани манзилу таҳияи ғизо аз ангишт истифода мекунанд.

Тибқи маълумоти Вазорат, айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 160 корхона ба истихроҷи ангишт машғул буда, имрӯз ҳаҷми захираҳои умумии ангишт дар конҳои ангишти кишвар тақрибан 4,5 млрд. тонна арзёбӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 870 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тӯли 34 соли ахир дар таърихи кишвар мебошад.