Дар сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) шуъбаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои истеъмолгарони хизматгузориҳои бонкӣ таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, воҳиди сохтории нав таҳти унвони «Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» таъсис дода шуд.

Зикр мегардад, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2015, сохтори нави Бонки миллӣ тасдиқ гардид.

Таъкид мегардад, ки ин қарор «бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва маҳсулнокии фаъолияти кормандон, ба эътидол овардани сохтор, аз байн бурдани вазифаҳои такроршаванда, интихоб ва дуруст ҷойгиркунии кормандон, аз байн бурдани бархурди манфиатҳо» қабул шуд.

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар сохтори нав 197 штати корӣ ихтисор шуда, фаъолияти як қатор воҳидҳои сохторие, ки бевосита ба идоракунии бонк дахл надоранд, ба ҳисоби худмаблағгузорӣ гузаронида мешаванд.

Қайд мешавад, ки ғайр аз ин, бо мақсади беҳтар гардидани вазъи молиявӣ ва гузаронидани ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи стратегӣ оид ба фаъолияти солимгардонии БМТ барои солҳои 2015-2019 таҳия гардид.

Тибқи талаботи Нақшаи мазкур ислоҳот дар бахшҳои гуногун ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулӣ, такмили фишангҳои он, беҳтар намудани идорасозии хавфҳои асъорӣ, танзими сармоя, дедоларикунонии иқтисодиёт, зиёд намудани эътимоднокии мардум ба пули миллӣ дар назар гирифта шудааст.