Низоми энегетикии Тоҷикистон барои фаъолияти муштарак дар доираи Низоми ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан омода аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд.
«Агар мувофиқаҳои дахлдор ҳосил шаванд, мо ба интиқоли неӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Ӯзбекистон омодаем. Барои роҳандозии ин корҳо ба мо на зиёдтар аз як соат вақт лозим аст», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарор шудани кори муштараки низоми энергетикии кишварҳои минтақа аст. «Дар ҷаласаи ахири Шӯрои энергетикии кишварҳои узви ИДМ дар Ереван бо ташаббуси Тоҷикистон ба рӯзнома ворид кардани масъалаи барқарор шудани кори ин низом пешниҳод шуд ва он аз ҷониби қариб ҳамаи иштирокдорони ин чорабинӣ дастгирӣ ёфта, дар санади ниҳоии ҷаласа дар банди ҷудогона ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Турманистон тавсия дода шуд, ки ҳамкорӣ дар ин самтро барқарор созанд», - изҳор дошт манбаъ.
Таъкид шуд, ки Туркманистон низ ин пешниҳодро комилан дастгирӣ намуда, ба кори муштарак омодагӣ изҳор кард. «Мушкили ягона ин аст, ки Ӯзбекистон қисмати хати баландшиддати интиқоли барқи 500 КВ-и худ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) то зеристгоҳи Гузар (Ӯзбекистон)-ро корношоям кардааст, вале агар хоҳиш бошад, барои барқарор кардани ин хат ҳамаи имконот мавҷуда аст», - қайд кард манбаъ.
Дар Вазорат хотиррасон намуданд, ки моҳи декабри соли 2009 баъди ба реҷаи кори дохилӣ (автономӣ) гузаштани Ӯзбекистон, Тоҷикистон аз Низоми ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар канор монд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста