Вобастагии Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ ҳоло ҳам дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имсол амалисозии Барномаи амнияти озуқавории кишвар ба итмом мерасад.
«Ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошта тибқи ин барнома муяссар нашуда, имрӯз ҷараёни иҷрои ин барнома дар сатҳи дилхоҳ нест ва мутаассифона, феълан мо гуфта наметавонем, ки аз рӯи аксари номгӯи маҳсулоти таъиноти истеъмолӣ ҷумҳурӣ худро таъмин карда метавонад», - гуфт манбаъ.
Дар Вазорати мазкур умедворанд, ки иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди дарозмӯҳлат, ки мавриди таҳия қарор дорад, имконпазир мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, тақрибан 20% аз ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон ба маҳсулоти ғизоӣ рост меояд.
«Мо кӯшиш дорем, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишварро афзоиш диҳем, аммо барои истеҳсоли баъзе навъҳои маҳсулоти ғизоӣ дар дохили кишвар шароити мусоид мавҷуд нест. Дар навбати аввал мо бояд ба афзоиши маҳсулоти ивазкунандаи воридоти маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, чунки дар кишвари аграрӣ зиндагӣ мекунем», - афзуданд дар вазорат.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста