То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 695 ҳазор тонна ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 ҳазор тонна бештар буда, ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 27,8 сентнер аз як гектарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, имсол дар майдони умумии 324 ҳазор гектар зиротаи ғалладона кишт шудааст. «Айни замон барои ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона дар ҷумҳурӣ 242 комбайн сафарбар шудаанд», - гуфтанд дар вазорат.

Тибқи маълуомти оморӣ, дар таркиби истеъмол (ғизо)-и Тоҷикистон 60-65%-ро нон ташкил медиҳад ва дар ин шароити мушкили буҳронӣ, ҳукуматдорон аз аҳолӣ даъват карданд, ки ҳадди ақал барои 2 сол маҳсулоти ғалладона ва ордро барои худ захира намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон мустақилона талаботи худ ба маҳсулоти ғаллдаона ва ордро аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ қонеъ карда наметавонад. Воридкунандаи асосии ин гуна маҳсулот ба Тоҷикистон Қазоқистон ба шумор меравад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, тӯли 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 307 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладонагӣ ва 58,6 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-майи соли 2014 мутаносибан 2,1% ва 28,5% камтар мебошад.