Зимни мулоқоти муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев бо муовини вазири алоқаи Латвия Уилдис Рейманис, ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе доир гардид, имконоти дубора аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе - Рига баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили истифода аз имкониятҳои транзитии Тоҷикистону Латвия, интиқоли борҳо тавассути бандарҳои Латвия, омӯзиш ва табодули таҷрибаи коршиносони ду кишвар мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, дар анҷоми мулоқот Протокол оид ба натиҷаҳои он ба имзо расид.
Ёдрас мекунем, ки парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе - Рига соли 2012 қатъ гардида буд. Ширкати ҳавопаймоии «Air Baltic»-и Латвия соли 2008 ба фаъолият дар Тоҷикистон шурӯъ намуда, бинобар сабаби билетҳои арзон писанди мардуми кишвар шуда буд.
Дар робита ба гузаштан ба реҷаи вақти зимистона ва норасоии ҳавопаймоҳо, 1 октябри соли 2010 ширкати ҳавопаймоии Латвия парвозҳо ба Тоҷикистонро боздошта, баъди як сол дубора барқарор кард.
Аммо соли 2012 «Air Baltic» тасмим гирифт, ки фаъолияти худ дар Тоҷикистонро комилан қатъ месозад. «Ба мусофирон парвоз тариқи ҳавопаймоҳои ширкати мо қулайу бароҳат буд, вале фаъолияти мо на ҳамеша ба майлу хоҳиши мусофирон вобаста аст. Айни замон мо барқарор кардани парвозҳо ба Тоҷикистонро дар нақша надорем», - гуфта буданд он замон ба «Азия-Плюс» аз ин ширкати ҳавопаймоӣ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста