Давоми соли равон кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои мададрасони байнулмилалӣ барои рушди бахши энергетика ҳудуди 204 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунанд, ки ин ҳаҷми кумаки шарикон оид ба рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 тақрибан 2,7 баробар зиёдтар аст.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли гузашта дар доираи 19 лоиҳаи кумаки хориҷӣ аз ҷониби 14 кишвару ташкилотҳои  мададрасон дар ҳаҷми умумии 65,7 млн. доллари ИМА баҳри рушди ин соҳа маблағгузорӣ шуд. 

Бино ба маълумоти Кумита, қисмати зиёди кумак ба бахши энергетикаи Тоҷикистон дар соли 2014 ба «Эксимбонк» -и Чин (24,6 млн. $) ва Бонки осиёгии рушд (23 млн. $) рост меояд, ки мутаносибан 37,7% ва 35,2% аз ҳаҷми умумии кумак ба ин соҳаро ташкил медиҳад. Соли гузашта ин бахши иқтисоди Тоҷикистонро ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ (5,8 млн. $), Иттиҳоди Аврупо (2,6 млн. $) ва дигар давлатҳову ташкилотҳо дастгирӣ карданд.

Дар Кумита таъкид доштанд, ки давоми солҳои 2002-2008 ҳаҷми кумакҳо ба бахши энергетикаи ҷумҳурӣ тамоили болоравӣ дошта, соли 2008 ба маблағи наздики 176 млн. доллари ИМА кумаки ҳадди баландтарин расонида шуда буд.

«Солҳои минбаъда кумак ба ин бахш тадриҷан коҳиш ёфта, соли 2012 қариб 38 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, аммо шурӯъ аз соли 2013 ҳаҷми кумак ба ин соҳа боз зиёд шуда, соли гузашта ба 65,7 млн. доллари ИМА расид, ки 16,7% аз ҳаҷми умумии кумак ба ҷумҳуриро ташкил медиҳад», - гуфтанд дар Кумита.