Шаҳри Қайроққум аз 10-ум то 15-уми август мизбони як давраи вижаи омӯзишӣ доир ба меъёри ISO 14001:2004 – Низоми мудирияти муҳити зист (EMS) аст.
Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) хабар доданд, ҳадаф аз баргузории ин давраи омӯзишӣ, ки аз ҷониби Феҳраси байнулмилалии бозрасони молии муҷаввиздор (IRCA) тасдиқ шудааст, омода кардани бозрасони молии (аудитор) аршад доир ба ISO 14001 дар Тоҷикистон мебошад. Ин давраи омӯзишӣ барои нахустин бор дар Тоҷикистон баргузор мегардад ва дар он намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии кишвар, ширкатҳои консалтингӣ ва донишгоҳҳо иштирок доранд. Дониши андӯхта дар давраи омӯзишии мазкур ба созмонҳову ширкатҳо имкон хоҳад дод, то Низоми мудирияти муҳити зистро ба гунаи муассир ҷорӣ карда, муҷаввизи байнулмилалӣ бигиранд.
Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.
Бастаи меъёрҳои ISO 14000 василаҳои амалиеро дар ихтиёри корхонаҳову созмонҳо мегузорад, ки тавонанд масъулиятҳояшон дар мавриди ҳимояи муҳити зистро тарҳрезӣ ва иҷро бикунанд. Роҳандозии низоми мазкур назорат ва беҳтар шудани нишондодҳои муҳитзистии ширкатҳову созмонҳоро замонат медиҳад. Дар торнамои расмии Созмони байнулмилалии меъёрсозӣ (ISO) омадааст, то ҳоли ҳозир 300 000 муҷаввизи ISO 14001 дар 171 кишвари ҷаҳон дода шуда, аз ҷумла, 96 муҷаввиз дар соли 2013 дар Тоҷикистон содир шудааст.
Мушовирони байнулмилалии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ Субҳаш Арора ва Гулнора Юсупжанова мударриси давраи мазкур мебошанд. Ҷаноби Арора мегӯяд, “давраи омӯзишӣ ба иштирокдорони он имкон медиҳад, то қоидаҳои роҳандозӣ ва амалисозии Низоми мудирияти муҳити зист мувофиқи меъёри ISO 14001 ва ҳамчунин, раванди бозрасӣ (аудит), бо шумули барномарезӣ, таҳияи ҳисобот ва иқдомҳои баъдии мутобиқ ба меъёри байнулмилалиро биомӯзанд”.
Ҷаноби Арора мегӯяд, Низоми мудирияти муҳити зисти ISO 14001 умумӣ буда, ба ҳамаи ширкатҳо, сарфи назар аз бузургиву навъ ва ба ҳама намуди молу хидматрасониҳо дахл дорад. Ба қавли ӯ, ин меъёр талабот ҷиҳати ёрӣ ба корхонаҳову созмонҳо дар таҳия ва иҷрои сиёсат ва ҳадафҳои мудирияти муҳитзистиро бо назардошти самтҳои бартар ва санадҳои қонунгузорие, ки созмонҳову корхонаҳо бояд ба инобат бигиранд, муайян мекунад.
Ширкатдорони давраи омӯзишӣ, дар сурати муваффақона супоридани имтиҳони хаттӣ соҳиби гувоҳномаи байнулмилалии ширкати олмонии “TUV NORD CERT CmbH” хоҳанд шуд.
Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста