Таҳти раёсати вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён дар Душанбе ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии молияи давлатӣ доир гардид.
Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ҷаласа Нақшаи нави амали Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи солҳои 2015-2018 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
Шӯрои ҳамоҳангсоз ҳамчунин Нақшаи амали марҳилаи дуюми ҷорисозии меъёрҳои ҳисоботнокии молиявии бахши давлатии Тоҷикистонро низ тасдиқ намуд.
Дар кори ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии молияи давлатӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ НеъматуллоҲикматуллозода, вазири адлияи ҶТ Рустам Шоҳмурод, раси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва раҳбарияти дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ширкат варзиданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста