Пойтахти Тоҷикистон ба ҳайати Раёсати Форуми рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳалқаи иқтисодии Роҳи абрешим, ки рӯзҳои 24-25 июл дар шаҳри Урумчии Чин доир гардид, шомил шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, дар Форуми III рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳалқаи иқтисодии Роҳи абрешим дар шаҳри Урумчи намояндагони 55 шаҳрҳои гуногуни қитъаи Авруосиё, 28 корхонаҳои бузурги саноатӣ ва 12 иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ ва тиҷоративу саноатӣ ширкат варзиданд.

Зимнан зикр гардид, ҳадафи аслӣ аз баргузории форум рушди ҳамкории амалӣ ва мусоидат ба муколама миёни шаҳрҳо, табодули таҷриба дар бахшҳои робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ буда, усули асосии он - «Баррасии муштарак, бунёди муштарак ва ҳамроҳ тақсим карлани маҳсули кор» аст.