Ҳаҷми умумии саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ давоми солҳои 2002-2014 ҳудуди 180 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳаҷми бештари пардохтҳои ҳукумат барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ соли 2013 (28,4 млн. $) сурат гирифта, соли гузашта ҳаҷми пардохтҳои ҳукумат дар ин самт нисбат ба соли пешин 41% коҳиш ёфтаанд ва беш аз 16,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд.

Дар ҳамин ҳол, тайи солҳои ахир шумори лоиҳаҳои сармоягузорие ҳам, ки ҳамроҳ бо ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мегардад, кам шуда, дар муқоиса бо соли 2008 соли гузашта шумори онҳо ба 7 адад лоиҳа коҳиш ёфтааст.

Дар Кумита таъкид доштанд, ки соли гузашта 70,4% (беш аз 11,7 млн. $) аз ҳаҷми умумии саҳми ҳукумати Тоҷикистон ба бахши нақлиёт рост омадааст.

Ба иттилои манбаъ, саҳми бештари ҳукумат ба пойтахт рост меояд, ки ба ҳудуди 7,8 млн. $ ё худ 46,1% аз ҳаҷми умумии саҳмгузорӣ баробар аст. Ба вилояти Хатлон 19,4%, ноҳияҳои тобеи марказ - 17,2%, вилояти Суғд - 3,1% ва ВМКБ - 1,8% аз ҳаҷми умумии саҳмгузориҳои ҳукумат ба лоиҳаҳо рост меояд.

Бино ба маълумоти Кумита, айни замон сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон аз 54 лоиҳа бо маблағи умумии 2 млрд. 250 млн. доллари ИМА иборат аст. Барои амалисозии ин лоиҳаҳо ҳукумати Тоҷикистон каме бештар аз 150 млн. доллари ИМА саҳмгузорӣ карданист, ки ба 6,7% аз маблағи умумиии сандуқ баробар аст.