Дар шароити коҳиши арзиши алюминий дар бозори ҷаҳонӣ, ба Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) худдорӣ аз афзоиши истеҳсоли маҳсулотро тавсия медиҳанд.

Дар гузориши навбатии интишоршудаи Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ)   «Гузориши иқтисодии Тоҷикистон» дар ин робита зикр мегардад, ки ТАЛКО-ро лозим аст, ки соли 2018, замони «каме ҷунбуҷӯл» дар бозори алюминийро интизор шавад.

«Афзоши пешниҳоди алюминий ҳатман талаботро ба вуҷуд намеоварад. Имсол ва чанд соли минбаъда бозори ҷаҳонии алюминий ба мушкилот дучор хоҳад шуд. Тибқи маълумоти Гузориши ҷаҳонии иқтисодии Хазинаи байнулмилалии асъор, давоми солҳои 2015 ва 2016 нарххо ба алюминий коҳиш ёфта, соли 2017 таназзул ба вуҷуд меояд ва танҳо соли 2018 як каме ҷубуҷӯдар ин бозорро метавон интизор шуд», - таъкид месозанд муаллифони гузориш.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ТАЛКО давоми солҳои 2015-2016 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро ду баробар афзуданист. Қаблан иттилоъ дода будем, ки ба наздикӣ ТАЛКО беш аз 100 зарф (ванна)-и электролизиро аз таъмири асосӣ баровард.

Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ  дар ин робита изҳор намуд , ки то охири сол ширкат истеҳсоли 190 ҳазор тонна алюминийро дар нақша дошта, соли оянда раҳбарияти корхона ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалияро то ба 270 ҳазор тонна расонад.

Аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбарияти ТАЛКО талаб кард, ки ба афзоши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваффақ шаванд.

Нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода зикр кард, ки ҳукумат мунтазам ширкатро дастгирӣ намуда, барояш бисёр имтиёзҳо пешниҳод мекунад, вале аз истеҳсоли алюминий дар ҳаҷми 125 ҳазор тонна дар соли гузашта қаноатманд нест. «Мо хостори онем, ки ҳамасола 300-400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шавад», - гуфт ӯ.

Дар навбати худ  раҳбарияти ТАЛКО ба нахуствазир ваъда дод , ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол ҳаҷми истеҳсоли алюминий 50 ҳазор тонна (40%) зиёд гардида, то 175 ҳазор тонна расонида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ТАЛКО  бори нахуст тайи солҳои ахир  ҳаҷми содироти алюминийро зиёд кард. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.а, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.

КВД «Ширкати алюминии тоҷик» яке аз бузургтарин дар паҳнои ИДМ ва ягона корхонаи истеҳсоли алюминий дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Иқтидори лоиҳавии корхона истеҳсоли 517 ҳазор тонна алюминийро ташкил медиҳад.