Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи бозори навбунёди «Ваҳдат», ки дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров ҷойгир шудааст, иштирок намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бозори навбунёди «Ваҳдат» дар масоҳати 3,8 гектар доман паҳн карда, он аз тарафи ҶСП «Фароз» бунёд шудааст ва дорои 130 мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, 300 нуқтаҳои фурӯши маводи сохтмонӣ, бинои маъмурии дуошёна, 2 ошхонаи замонавӣ, коргоҳи кафшергарӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, нуқтаи ташхиси техникиву таваққуфгоҳ аст. Барои фаъолияти шаффоф дар бозор 58 камераҳои назоратӣ насб шудааст.
Ҳамчунин барои хизматрасонии хуб барои аҳолӣ дар ҳудуди бозор утоқҳои хизматрасонии БДА «Амонатбонк», Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъсис ёфтааст, ки бо усули «Равзанаи ягона» фаъолият мебаранд.
Ба иттилои масъулон дар ҳолати пурра ба фаъолият пардохтани бозори навбунёди «Ваҳдат» беш аз 1 000 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимии дорои шароити мусоид таъмин мешаванд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста