Дар ҷаласаи навбатӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолидддин Нуралиев бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, мутахассисони ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ Блумберг ва Томсон Рейтерс масъалаҳои ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиётҳои пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ ва назорати он дар бозори байнибонкӣ ва дигар мавзуъҳои ҳамкорӣ ҳамаҷониба муҳокима гардиданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар рафти ҷаласа намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс маҳсулоти худро муаррифӣ намуда, қобилияту бартариҳои онро ба ҳозирин пешниҳод карданд. Ҳамзамон мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади дарёфти маълумоти бештар оид ба маҳсулотҳои пешниҳодшаванда ба масъулини ширкатҳои номбурда саволу дархостҳои худро пешниҳод намуданд ва ҷавобҳои мукаммал гирифтанд.
Дар қисмати муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа диққати намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс ба зиёд намудани имтиёзи бе пардохти ҳаққи хизматрасонӣ истифода кардани терминалҳо барои тамоми ташкилотҳои қарзӣ, пасттар кардани нархи моҳонаи ҳизматрасонии низоми электронӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти майдони ягонаи савдо ҷалб карда шуданд.
Илова бар ин, иштирокдорони маҷлис қайд карданд, ки баъзе бонкҳои ҷумҳурӣ бо барномаҳои Томсон Рейтерс аз наздик шинос ҳастанд ва аллакай бо онҳо амалиётҳои асъориро анҷом медиҳанд.
Дар қисми хотимавии ҷаласа баъди баррасии пешниҳоди маҳсулотҳои ширкатҳои зикршуда намояндагони ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти нархи мувофиқ доштани пардохти ҳаққи хизматрасонии терминалҳо ба тарафдории маҳсулотҳои ширкати Томсон Рейтерс ва ҳамчун платформаи ягона барои низоми электронии савдо интихоб кардани он овоз доданд. Ҳамчунин дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки тибқи он ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода мешавад, то дар муҳлати кӯтоҳ бо ширкати Томсон Рейтерс ҳамкориро ба роҳ монанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста