Дар зарфи 6 моҳи соли равон маблағи ҷаримаҳо барои камбудӣ дар сохтмон нисбати шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ 330 ҳазор сомониро ташкил додааст. Зимни санҷиши 624 адад иншооти сохтмонӣ қариб 1,5 ҳазор камбудиҳо ошкор карда шудаанд.

Аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки давоми нимсолаи аввал хадамоти нозироти давлатӣ дар меъморӣ ва сохтмон дар 64 шаҳру навоҳии кишвар санҷиши нақшавӣ доир намуда, зимни он ҳолати корҳои сохтмон дар 624 иншоот мавриди санҷиш қарор гирифтааст ва аз рӯи натиҷаҳои он 667 таъинот  (ҳамин давраи соли 2014 - 544 иншоот ва 517 таъинот) содир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра маблағи умумии ҷаримаҳо барои камбудӣ дар сохтмон 330 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он ҳудуди 270 ҳазор сомониаш ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта маблағи ҷаримаҳо қариб 327 сомониро ташкил дода, беш аз 300 ҳазор сомониаш ба буҷет пардохт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тайи 7 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 488 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 20% зиёдтар аст.

Сохтмони манзил дар ҷумҳурӣ асосан аз ҷониби субъектҳои бахши ғайридавлатӣ сурат мегирад, ки ҳиссаи назаррасашро аҳолӣ ташкил медиҳад. Давоми моҳҳои январ-июни соли 2015 аз ҷониби аҳолӣ дар майдони умумии 349,7 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки 71,7% аз ҳаҷми умумии манзилҳои зисти ба истифода додашударо ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ 8 мактаби таҳсилоти умумӣ, 4 дармонгоҳ ва 3 муассисаи томактабӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.