Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Роҳбари ширкати сармоягузории “Тунг”-и Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷаноби Сун-Вэй-ро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, зимни суҳбат раиси вилоят оиди ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои Чинӣ миннатдорӣ намуда, барои ҳамкориҳои минбаъда, оид ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, саноати сабук ва доир ба ворид намудани техналогияи муосир барои эҳёи корхонаи “Нӯриҳои Азоти Вахш” (Тоҷиказот) пешниҳодҳои ҷолиб кард.
Сун Вэй изҳор доштааст, ки «маҳз ба нияти эҳёи корхонаи “Нӯриҳои Азоти Вахш” ба вилояти Шумо ташриф овардам. Мақсаду мароми мо кӯмак намудан ба кишоварзони Тоҷикистон аст. Дар ҳолати ба мувофиқа расидан, мо метавонем дар давоми як сол маҳсулоти кимиёвӣ, аз қабили нӯриҳои минералӣ, ки барои рушди хоҷагии қишлоқ зарур аст, истеҳсол намоем».
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бар он андеша аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошта шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳамбастагӣ бо масъулин оиди ҳалли масоили мубрами рӯз ҳуҷҷатҳои заруриро омода намоянд.
Ёдрас мекунем, ки Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қаблан нисбати молики саҳмияҳои назоратии КМ «ТоҷикАзот», соҳибкори украинӣ Дмитирий Фирташ оид ба харидории ғайриқонунии саҳмияҳо, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ва иштирок дар муомилоти ғайриқонунии фурӯши таҷҳизот даъво пеш овард. Агентӣ бар ин назар аст, ки муомилоти харидории 75%-и саҳмияҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин рӯ, ин саҳмияҳо бояд ба давлат баргардонида шаванд.
Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи ҶТ, зимни таъсиси корхонаи муштарак Фирташ ба фонди оинномавӣ танҳо як қисмате аз маблағи заруриро пардохтааст. Баъдтар ин воситаҳо барои харидани саҳмияҳои ду корхонаи дигари саноатии Тоҷикистон – ҶСП «Абрешим» дар Хуҷанд ва ҶСП «Гулистон» дар Душанбе масраф шуданд, ки мухолифи қонунгузории Тоҷикистон аст.
Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод Фирташро ба он муттаҳам медонад, ки ширкати ӯ дар фурӯши таҷҳизот барои истеҳсоли маводи кимиёвӣ иштирок карда, аммо ҷониби Тоҷикистон, ки дорои 25%-и саҳмияҳои корхона аст, дар бораи фурӯш огаҳ карда нашуда, аз муомилоти анҷомёфта ҷуброн нагирифтааст.
Қобили зикр аст, ки ширкати Group DF, ки дороиҳои соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташро муттаҳид ва идора мекунад, рӯзи 28-уми апрели соли 2014 дар робита ба даъвои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии ҶСП КМ «ТоҷикАзот» изҳорот интишор намуд.
Дмитрий Фирташ ба чоргонаи доротарин шахсони Украина шомил буда, 12-уми марти соли 2012 бо дархости Бюрои федералии тафтишот (ФБР) дар шаҳри Вена боздошт ва баъдан бо гаравпулӣ озод карда шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста