Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Хоруғ - Қулма, ки қитъаи чоркилометрии он моҳи июл бар асари селфароиву обхезӣ пурра хароб гардида буд, рӯзҳои наздик барқарор карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд.

Мебояд гуфт, муддати беш аз як моҳ аст, ки сокинони чор ҷамоати ноҳияи Шуғнон ва ноҳияи Мурғоб имкони тариқи нақлиёт ба маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ сафар карданро надоранд.

Ёдрас мекунем, ки аз 16 то 20 июл дар назди деҳаи Барсеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон сел фаромада, маҷрои дарёи Ғундро баст. Дар натиҷа кӯли дукилометрае пайдо шуда, роҳи мошингарди паҳлӯи он зери об монд. Сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздики ин мавзеъ айни замон тариқи қайиқҳои моторӣ ба дигар ҷой равуо мекунанд.

Дар Вазорати нақлиёт қайд карданд, ки бо дастгирии роҳсозони ватанӣ феълан ба сохтмони қитъаи нави роҳ дар ин мавзеъ ширкатҳои сохтмонии Чину Эрон машғуланд.

Ба иттилои манбаъ, сохтмончиён аллакай беш аз 3 километри роҳро бунёд намуда, тақрибан сохтмони 400 метри роҳ боқӣ мондааст.

«Самти сохтмони роҳи нав аз шаху харсангҳои яклухт мегузарад ва ин корҳо ба воситаи пармакуниву таркиш сурат мегиранд, ки табиист вақти бештареро тақозо мекунанд, аммо корҳо дар ду баст роҳандозӣ шуда, рӯзҳои наздик аз анҷоми онҳо интизорӣ меравад», - таъкид доштанд дар Вазорати нақлиёт.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи сохтмон таҳти раҳбарии муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ситоди доимо амалкунанда фаъолият дорад.