Моҳи июли соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 195 млн. кВт/соат нерӯи барқ (моҳи июли соли 2014 - тақрибан 168 млн. кВт/соат) содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 17% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», нерӯи барқи дар моҳи июл содиротшуда қариб 12% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи тавлидшуда дар ин моҳ дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 1,6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Ғайр аз ин, нерӯи барқи дар корхонаҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» дар моҳи гузашта истеҳсолшуда ба Қирғизистон низ интиқол дода шудааст, ки ҳаҷми умумии содироти он дар ин моҳ наздики 50 млн. кВт/соатро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки 1 киловатт нерӯи барқи Тоҷикистонро Афғонистон бо арзиши 3,7 сент ва Қирғизистон бо нархи 2,5 сент харидорӣ мекунанд.

Зимни нишасти хабарии ахири моҳи июли соли равон муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик»  Даврон Исҳоқӣ дар ин робита изҳор намуда буд , ки созишнома дар бораи содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон аввали моҳи июли соли ҷорӣ ба имзо расида, мавсими тобистони имсол ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми то 500 млн. кВт нерӯи барқ ба Қирғизистон интиқол доданист.

Моҳи июни соли равон ба Қирғизистон каме бештар аз 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд. Ба Афғонистон бошад, аз оғози сол ҳудуди 700 млн. кВт/соат нерӯи барқи дар нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истеҳсолшуда содирот гардид. Ҳамин тариқ, давоми 7 моҳи соли 2015 ширкати «Барқи тоҷик» ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 790 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуд.