Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Сироҷиддин Икромов бо ҳайати намояндагони ширкати “Чайна СмартСити Текнолоҷӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитоӣ таҳти сарварии раиси ширкати номбурда ҷаноби Ҷим Ние муаррифии Лоиҳаи “Шаҳри интеллектуалӣ” ва имконияти татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар оғози мулоқот муовини С.Икромов меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии мамлакат, дастовардҳои бонкдорони тоҷик дар нимсолаи аввали соли равон, бахусус дар бахши истифодаи комёбиҳои нави технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии мамлакат ва нақшаҳои минбаъдаи онҳо шинос намуд.
Сипас, ҷаноби Ҷим Ние иброз намуд, ки ширкати “Чайна СмартСити Текнолоҷӣ” дар шаҳри Шанхай қарор дорад ва маҳсулоти он дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, бонкдорӣ, иттилоот, кишоварзӣ ва ғайра истифода мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот қайд карда шуд, ки бо маҳсулоти ин ширкат метавон фаъолияти тамоми бонкҳои кишварро ҳамоҳанг намуда, бо истифода аз кортҳои интеллектуалӣ аз хизматрасонии ҳамаи бонкҳо (пардохт, интиқол ва ғайра)-ро бо нархи ягона истифода намуд.
Ҳамчунин маълум гардид, ки дар сурати амалӣ намудани лоиҳаи зикршуда пардохти маблағ дар тамоми нуқтаҳои фурӯши маҳсулот ва нақлиёт, ба миқдори беҳудуд захира намудани тамоми иттилоот дар соҳаҳои маориф, тиб, муайян намудани миқдори дақиқи воридот ва содироти мол ба таври мустақим ва фосилавӣ дар соҳаи гумрук, истифодаи корти интеллектуалӣ ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият, пардохти хизматрасониҳои интернетӣ бо тарзи нав ва арзиши кам, омода намудани мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ имконпазир мегардад.
Тавре дар рафти мулоқот маълум гардид, ин технология дар чандин шаҳрҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки зиёда аз 30 млн. аҳолӣ доранд, татбиқ гардида, зиёда аз 300 шаҳри дигар дар навбати татбиқи он мебошанд. Илова бар ин, лоиҳаи шаҳри интеллектуалӣ дар давлатҳои пешрафтаи дунё - Хитой, Олмон, Фаронса ва Ҷопон мавриди истифода қарор дорад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста