Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 18 август аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 боздид намуда, бо ҷараёни корҳои бунёди навбати  дуюми ин иншоот шинос шуд.

Бино ба маълумоти котиботи нахуствазир, Расулзода ҳамроҳи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҳамчунин мутахассисони ширкати чинии Tabian Apparatus Stoc Co. (ТВЕА), ки дар амалисозии ин лоиҳа иштирок доранд, бо рафти корҳои сохтмон ва насби таҷҳизот аз наздик ошно гардиданд.

Тибқи лоиҳа дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 шабонарӯзӣ ҳудуди 3 ҳазор тонна ангишт истифода мешавад, ки ба афзоиши истихроҷи ангиш дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. «Ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли ангишт меафзояд ва доир ба масъалаи таъмини ин марказ бо ин навъи сӯзишворӣ мушкилоте рӯйи кор нахоҳад омад. Ин марказ аз кони Зиддии ноҳияи Варзоб бо ангишт таъмин мешавад», - қайд карданд дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи кишвар, барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 ҳудуди 349 млн. доллари ИМА маблағ харҷ мешавад, ки 331,5 млн. доллари ИМА-ашро ба сифати қарзи имтиёзнок «Эксимбонк»-и Чин ҷудо карда, ҳиссаи ширкати «Барқи тоҷик» дар ин лоиҳа ба 17,4 млн. доллари ИМА баробар аст.

Иқтидори истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 300 мегаватт нерӯи барқ ва 167 гигокалорий гармиро ташкил хоҳад дод. Ин иншооти энергетикӣ бо ангишт кор мекунад. Дар он ҳамчунин таҷҳизоте насб хоҳад шуд, ки дар сурати зарурат метавонад корхонаро ба истифодаи газ низ гузаронад.

Дар майдони сохтмони иншооти азкур нахуствазир ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони имсоларо баргузор кард. Расулзода ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати омодакунии Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе -1, 2, захираи ангишт, таъмири қубурҳои интиқоли гармӣ ва оби гарм дастуру супоришҳои мушаххас дод.