Гуфтушунидҳо бобати аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дастрас кардани воситаҳои қарзии Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА феълан дар арафаи анҷомёбианд.
Аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷониби Чин изҳор доштааст, ки ҷудо кардани ин миқдор маблағ барои ин бонк ҳеҷ мушкилие надорад. «Гуфтушунид идома дорад, баъзе муқаррароти техникӣ, меъёрҳои фоиз, муҳлати мушаххаси пардохти қарз, давраи имтиёзнок мувофиқа мешавад ва дар ҷараёни гуфтушуниди наздиктарин масъала пурра ҳаллу фасл хоҳад шуд», - гуфт манбаъ.
Дар Бонки миллӣ қайд карданд, ки ин воситаҳо ба қарзи берунии Тоҷикистон «ҳеҷ муносибате» надошта, бо кафолати давлат гирифта намешавад.
Таъкид шуд, ки муомилот бо ташкилотҳои қарзии Чинро БМТ бо усули пардохтҳои бисёрмуҳлат бо асъори милли ҳарду кишвар (усули своп) ба роҳ монданист. «Воситаҳо қисм-қисм дар сурати зарурат дастрас карда мешаванд», - гуфтанд дар бонк.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи аслии ҷалби қарзи Чин коҳиши сатҳи вобастагии Тоҷикистон аз доллар аст. «Пас аз дастрас шудани ин воситаҳо миёнаравии доллар ҳангоми воридоти маҳсулоти истеҳсоли Чин ба таври қобили мулоҳиза коҳиш меёбад. Соҳибкорони мо, ки аз Чин маҳсулот ворид мекунанд, метавонанд воситаҳои худро бо арзи миллӣ дар Тоҷикистон гузошта, онро бо қурби муқарраршудаи юан дар Чин дастрас намоянд», - гуфт манбаъ ва қайд кард, ки «асосан соҳибкорони машғул ба воридот ба асъори амрикоӣ ниёз доранд».
Дар Бонки миллӣ ҳамчунин таъкид доштанд, ки барои коҳиши сатҳи вобастагии Тоҷикистон аз доллари ИМА, ба имзо расонидани чунин қарордодҳо бо бонкҳои кишварҳои дигар низ дар назар аст, ки шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шуморида мешаванд.
Қаблан раҳбарияти Бонки киллӣ изҳор дошта буд, ки барои дастгирии қурби арзи миллӣ воситаҳои боз 2 бонки дигари Чинро ҷалб карданист. «Ҷиҳати ҷалби воситаҳои пулии Бонки мардумии Чин ва Бонки аграрии Чин гурӯҳи кории БМТ ба ин кишвар сафар кардааст», - изҳор намуда буд раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии ахири моҳи июл.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста